ABNA24: Симо Содот Лорӣ, сухангӯи Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи чаҳоршанбе дар бораи охирин омори мубталоён ба вируси корона дар кишвар эълом кард, бар асоси меъёрҳои қатъии ташхисӣ, дар 24 соати гузашта ду ҳазору 636 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид - 19 дар Эрон шиносоӣ шуд, ки як ҳазору 604 нафар бистарӣ шуданд ва ба бақияи беморон низ ба сурати сарипоӣ хадамоте ироа шуд.
Лорӣ бо баёни ин ки маҷмӯи беморони Ковид - 19 дар Эрон ба 298 ҳазору 909 нафар расидааст, афзуд: Дар 24 соати гузашта 196 нафар аз беморони Ковид - 19 ҷони худро аз даст доданд ва маҷмӯи ҷонбохтагони ин беморӣ дар кишвар ба 16 ҳазору 343 нафар расидааст.
Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати беҳдошти Эрон, то кунун 259 ҳазору 116 нафар аз беморон низ беҳбуд ёфта ё аз бемористонҳо тархис шудаанд.
342/